Дастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағироти иқлим

Дар дастурамали таълимии мазкур маълумоти умумӣ дар бораи омода сохтани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар истифода аз барномаи компютерии AquaCrop оварда шудааст. Инчунин барномаи AquaCrop тағйирёбии ҳосили зироатҳои яксолаи кишоварзиро дар шароите, ки омили асосии маҳдудкунанда ин дастрасӣ ба оби обёрӣ аст, моделронӣ менамояд. Ин барнома барои моделронии обталабии зироатҳои обӣ ва лалмӣ истифода карда мешавад. Дар боби аввал маълумоти қадам ба қадам омодашуда оиди дастрасӣ ба файлҳои насбкунӣ, шиносоӣ бо барномаи компютерии AquaCrop ва ба кор омодасозии он оварда шудааст. Дар боби дувум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумотҳои ибтидоии иқлимӣ (боришот, суръати шамол, намнокии нисбии ҳаво, ҳарорати максималӣ ва минималии ҳаво, нурпошии офтоб), ворид намудани онҳо ба барнома баҳри ҳисоббарории обталабнокии зироати намунавӣ ЕТо оварда шудааст. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ шарту шароити водии Ҳисорро интихоб менамоем. Дар боби сеюм итилоот оид ба омода сохтан ва ворид намудани маълумотҳои ибтидоӣ оид ба хок ва хусусиятҳои физикӣ ва механикии он ба воситаи истифодаи барномаи «Soil Water Characteristics» оварда шудааст. Дар боби чорум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумот оиди зироатҳои кишоварзии интихоб гашта, сохтани файли «зироат» пешниҳод мешаванд. Дар ин файл маълумот оиди тақвими парвариши зироати кишоварзӣ вобаста ба марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва мушоҳидаҳои фенологӣ дохил карда мешавад. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ зироати пахтаро интихоб менамоем. Дар боби панҷум пайдарҳамии қадамҳо оид ба ворид кардани маълумот оид ба идоракунии обёрӣ оварда шудаанд. Дар ин равзана намуди обёрӣ намудани зироати кишоварзӣ, чуқурии обмонӣ, фосилаи байни обдиҳиҳо вобаста ба марҳилаи тараққиёти зироат интихоб карда мешавад. Боби шашум ба моделсозии обталабии зироатҳои кишоварзӣ бахшида шудааст. Ин ҷо истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop қадам ба қадам бо расмҳо нишон дода шудааст. Боби ҳафтум ба шароити маҳаллӣ мувофиқ намудани бузургиҳои гуногуне, ки ба барномаи компютери дохилшудаанд бахшида шудааст. Ҳангоми дар саҳро ҷамъоварӣ намудани маълумот оиди рушди фенологии зироат, метавонем бузургиҳоро дар барнома тағйир диҳем, то ки модели мо ба шароити маҳал наздиктар гашта ҳисоббарориҳо боз ҳам дақиқтар шаванд. Дар боби ҳаштум пайдарҳамии қадамҳо оид ба арзёбӣ ва моделсозии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим пешкаш шудаанд. Ин ҷо дар истифода аз барномаи генератори обу ҳаво «ClimaSG» истифода бурда маълумотҳои иқлимиро барои сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим омода сохта тарзи муқоисаи натиҷаи моделронии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ оварда шудаанд.

Saved in:
Bibliographic Details
Main Author: Раҳматиллоев, Р.Р.; Домуллоҷонов, Д.Х.; Раҳматиллоев, Ф.М.; Салихбоев, Х.Ҷ.; Камолиддинов, Ф.А.; Сафарова, Р.Ҳ.; Салихбоева, Г.Р. ;
Format: Book (stand-alone) biblioteca
Language:Tajik
Published: FAO ; 2022
Online Access:https://openknowledge.fao.org/handle/20.500.14283/CC0123TG
http://www.fao.org/3/cc0123tg/cc0123tg.pdf
Tags: Add Tag
No Tags, Be the first to tag this record!