Дастури таълимии истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ

Дастури таълимии мазкур давоми дастур оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии СБОО буда, на танҳо доир ба истифодабарии СБОО инчунин оид ба технологияи каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва истифодабарии системаи мошинҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври соддаву мушахасс маълумот медиҳад. Дар боби аввал маълумот, оид ба тартиб додани нақшаи хизматрасонии техникӣ муфассал оварда шудааст, ки масъалаҳои қабули СБОО‑и муҷаҳазшуда ва ташкили санҷиши хизматрасонии техникӣ аз рӯи талаботҳо пурра дарҷ ёфтааст. Инчунин, дар ин боб намунаҳои хатогиҳои маъмул ҳангоми насб, намунаҳои хизматрасонии ғайрифаъол ва муносибати дуруст бо хизматрасонҳо васеъ ифода ёфтааст. Боби дувум оид ба хизматрасонии техникии мунтазами ҳаррӯза, ҳафтаина, ҳар 2–4 ҳафта ва ҳар 2–3 моҳ дар давоми сол бо тартиб оварда шудааст. Дар боби сеюм дар бораи ҷорӣ кардани системаи назорати сифатии СБОО ва ҳуҷҷатгузории он нақл карда шудааст. Дар боби чорум технологияҳои гуногуни каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ муфассал оварда шудааст. Аз он ҷумла намунаи коркард ва ҷорӣ кардани технологияи обмонӣ бо ҷӯякҳо, технологияи микрообёрии зироатҳои кишоварзӣ ва обёрии қатрагӣ дар алоҳидагӣ гуфта шудааст. Дар боби панҷум дар бораи системаи мошинҳои хурдҷуссаи кишоварзӣ ва таснифоти онҳо гуфта шуда, доир ба истифодабарии онҳо барои коркарди хок, тухмипошӣ, коркарди боғҳо ва ҷамъоварии ҳосил маълумот дода шудааст. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Дастури методӣ оид ба «Истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ» бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021) ҳамчун дастури таълимӣ ба чоп тавсия ва тасдиқ карда шудааст.

Saved in:
Bibliographic Details
Main Author: Раҳматиллоев, Р.Р.; Ҳоҷиев, Б.Б.; Домуллоҷонов, Д.Х.; Раҳматиллоев, Ф.М.; Мирзоев, Ш.И.; Бобиев, Д.Ф.;
Format: Book (stand-alone) biblioteca
Language:Tajik
Published: FAO ; 2022
Online Access:https://openknowledge.fao.org/handle/20.500.14283/CC0121TG
http://www.fao.org/3/cc0121tg/cc0121tg.pdf
Tags: Add Tag
No Tags, Be the first to tag this record!